Коҳиши нархи суди қарз дар Тоҷикистон
Апрел 29, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
Бонки миллии Тоҷикистон ба далели густариши бемории корона нархи суди қарзро коҳиш медиҳад.
Ба нақл аз Азия-Плюс, Бонки миллии Тоҷикистон нархи бозпардохтро ҳудуди 1 дарсад коҳиш дод ва ин рақамро 11.75 дарсад дар сол таъйин кард.
Тасвиби ин иқдом ба иллати таъсири бемории корона дар касбу корҳои кишвар, бардошти маҳсулоти кишоварзӣ, маҳдуд шудани воридот ва иҷрои сиёсати муҳаррики пулӣ эълом шудааст.