Апрел 30, 2020 10:54 Asia/Dushanbe
  • Эъмоли маофиятҳои гумрукӣ барои равнақи гардишгарӣ дар Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон бо эъмоли маофиятҳои гумрукӣ роҳро барои воридкунандагони масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти сохти 10 иқоматгоҳ барои меҳмонони хориҷӣ ҳамвор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Парлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ислоҳоти марбут ба қонуни будҷаи давлатии соли 2020 ин кишварро ба тасвиб расонд.

Ба гуфтаи Юсуф Маҷидӣ муовини вазири дороии Тоҷикистон, дар чорчуби ислоҳоти будҷа дар соли 2020 таъминкунандагони масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти сохти 10 иқоматгоҳ барои меҳмонони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда ва аворизи гумрукӣ маоф мешаванд.

Дар ҳамин ҳол Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши охири худ бемории ҳамагири Корона ва баста шудани марзи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояро хатаре барои иқтисоди ин кишвар донист.

Бар асоси ин гузориш, табаоти манфии шуюи вируси Корона, рушди иқтисоди Тоҷикистонро коҳиш хоҳад дод.

Барчасп