Октябр 03, 2016 19:53 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби Барномаи роҳбурдии рушди Тоҷикистон

Давлати Душанбе Барномаи роҳбурдии рушди миллии Тоҷикистонро тасвиб кард.

Ба гузориши рӯзи якшанбе (2 октябр)-и хабаргузории ИРНА, ба нақл аз дафтари матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси ин барномаи роҳбурдӣ, Тоҷикистон бояд то соли 2030 ба қутби саноатӣ ва кишоварзии минтақа табдил шавад. Дар ин тарҳ ҳамчунин "дастрасӣ ба зиндагии шоиста барои мардум" тайи 15 соли оянда пешбинӣ шудааст.

Коршиносон мегӯянд, иҷрои тарҳҳои роҳбурдии рушди миллии ҳар кишваре сирфан ба аҳдофи пешбинишуда ва чигунагии иҷрои онҳо бастагӣ дорад. Дар ҳақиқат, иҷрои тарҳҳои тавсеаӣ ҳоизи аҳамият аст, ки бархе кишварҳо ба далели набудани мудирияти муносиб имкони иҷрои тарҳҳои бузургу миллиро надоранд. Дар айни ҳол ташхиси масъала низ муҳим аст. Кишваре, ки натавонад мушкилоти худро ба тариқи саҳеҳу усулӣ шиносоӣ кунад, бадеҳист, ки имкони дастёбӣ ба рушдро низ нахоҳад дошт. Дар ҳақиқат, ташхиси масъала ва иҷрои барномаҳои рушд ду мақулаи ҷудо аз якдигар ҳастанд. Дар ин миён бояд дид, ки оё Ҳукумати Тоҷикистон дар ташхиси масъала ва иҷрои тарҳи роҳбурдии рушди миллӣ тавонистааст дар масири саҳеҳ ҳаракат кунад?

Тоҷикистон дар соли 2009 Барномаи рушди миллии роҳбурдияшро тасвиб карда буд. Дар ин барнома се ҳадафи роҳбурдӣ шомили "раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ", "таъмини амнияти озуқаворӣ" ва "истиқлоли энергетикӣ" пешбинӣ шуда буд. Дар барномае, ки тоза ба тасвиб расидааст, давлати Душанбе илова ба се ҳадафи мазкур таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо кор таъмин кардани мардумро низ ғунҷондааст.

Коршиносон мегӯянд, иҷрои тарҳҳои тавсеаи миллӣ барои Тоҷикистон ҳатмӣ аст. Ин кишвар ҳамроҳи Қирғизистон аз фақиртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд, бинобар ин барои Тоҷикистон иҷрои тарҳҳои тавсеаи миллӣ зарурист. Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ аст ва ба рағми доштани манобеи матлуби об замини муносибе барои кишоварзӣ надорад. Агарчи дар қарни бисту якум ҳалли ин гуна мушкилот кори сахте ба назар намерасад, аммо бо таваҷҷуҳ ба собиқаи иҷрои тарҳҳои рушд баъид ба назар мерасад, ки Ҳукумати Тоҷикистон битавонад ин гуна фаъолиятҳоро мудирият кунад. Тайи солҳои пас аз истиқлоли Тоҷикистон мақомҳои давлати Душанбе аз ниҳодҳои молии байналамилалӣ, назири Сандуқи байналамилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ чандин маротиба ба манзури иҷрои тарҳҳои тавсеаи кишоварзӣ, роҳсозӣ, умури иқтисодӣ ва тиҷорӣ қарз дарёфт кардаанд. Бо вуҷуди ин фасоди идорӣ ва ғайримақсаднок истифода шудани ин маблағҳо аз ҷониби мақомҳои баландпояи Ҳукумати Тоҷикистон монеи иҷрои ин тарҳҳои тавсеаӣ шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо ин ки Барномаи роҳбурдии тавсеаи миллии Тоҷикистон иҷро мешавад, ё ин ки то чӣ марҳалае иҷро мешавад, суолбарангез аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон дар вазъияти бисёр номуносибе қарор дорад ва мардуми ин кишвар бо мушкилоти зиёде, бавижа бекорӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ба назар мерасад, Барномаи роҳбурдии рушди миллии ин кишвар то ҳудуде иҷро мешавад. Бадеҳист,  ҳаракати Тоҷикистон ба самти таҳаққуқи ин аҳдоф барои сиёсатмадорони ҳоким бар Душанбе ҳатмӣ бояд бошад. Ба ибораи дигар дар сурате ки давлатмардони Тоҷикистон натавонанд ба аҳдофи пешбинишуда дар Барномаи тавсеаи миллӣ даст ёбанд, ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоии ҷадид дар ин кишвари Осиёи Марказӣ тайи як даҳаи оянда дур аз интизор нахоҳад буд.