Пардохти воми 2 миллион евроии Бонки тавсиъаи Аврупо ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53201-Пардохти_воми_2_миллион_евроии_Бонки_тавсиъаи_Аврупо_ба_Тоҷикистон
Бонки бозсозӣ ва тавсиъаи Аврупо 2 миллион евра барои хариди дастгоҳҳои пешрафта бозёфти партоб дар Хуҷанд ихтисос медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 30, 2020 08:25 Asia/Dushanbe
  • Пардохти воми 2 миллион евроии Бонки тавсиъаи Аврупо ба Тоҷикистон

Бонки бозсозӣ ва тавсиъаи Аврупо 2 миллион евра барои хариди дастгоҳҳои пешрафта бозёфти партоб дар Хуҷанд ихтисос медиҳад.

Ба нақл аз Спутник, ин маблағ барои хариди таҷҳизоти бозёфт, худравҳои ҷамоварии забола ва омода кардани зерсохтҳои дафни беҳдоштии пасмондаҳо ҳазина хоҳад шуд.

Бар асоси эълони Вазорати молияи Тоҷикистон барои иҷроии комили тарҳи ҷамоварии забола ва бозёфт дар Хуҷанд ҳудуди 6 миллиону 700 ҳазор доллар ниёз аст.

Воми Бонки бозсозӣ ва тавсиъаи Аврупо 12 сода, бо суди 1 дар сади аст.

Ҳамчунин Бонки бозсозӣ ва тавсиъаи Аврупо барои иртиқои системаҳои неругоҳи барқи обии Қайроқум ҳам 197 миллион доллар ба Тоҷикистон вом пардохт кард.