Апрел 30, 2020 16:20 Asia/Dushanbe
  • Боздиди муовини нахуствазири Тоҷикистон аз шаҳри Панҷакент

Муовини нахуствазири Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд сафар кард.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон бо сафар ба шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд аз тамрини маросими Ҷашни панҷ ҳазору 500-солагии шаҳри бостонии Саразм боздид кард.

Ба гузориши “Ховар”, Ширин Исматуллоҳзода аз бозсозии оромгоҳи устод Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ, меҳмонсарои ҷадид дар шаҳри Панҷакент, сохти бахшҳои ҷадиде аз таъсисоти бемористони марказӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ, тармими меҳмонхонаи маҳалли зисти гардишгарони хориҷӣ ва осорхонаи таърихии шаҳри Саразми бостонӣ низ боздид кард.

Ҷашни 5 ҳазору 500-солагии шаҳри бостонии Саразм 12 сентябр бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ баргузор мешавад ва раиси кумитаи баргузории ин ҷашн Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аст.

Шаҳри бостонии Саразм дар 15-километрии ғарби ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва 45-километрии шаҳри Самарқанд қарор дорад, ки дар пайи ковишҳои бостоншиносон дар соли 1974 кашф шуд. Ин шаҳр дар соли 2010 дар Феҳрасти осори ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуд. Бар асоси бароварди бостоншиносон, ин ноҳияи таърихӣ 130 гектар вусъат дорад ва қидмати он марбут ба 5 ҳазору 500 сол пеш, даврони ҳукумати Ҳахоманишӣ аст.