Апрел 30, 2020 17:02 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои раддабандии синнии мухотабони тамошои филм

Тибқи тасмими Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мухотибони тамошои филм дар Тоҷикистон ба панҷ раддаи синнӣ тақсим мешаванд. Ба гузориши “Спутник”, ин раддабандии синнӣ бар асоси шохисҳои байналамилалӣ аст.

Ислоҳоти раддабандии синнии тамошои филмҳои синамоиро Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб кард. Маҷлиси намояндагон эълом кард, Вазорати фарҳанг маҳдудаи синниро мутобиқ бо шохисҳои байналмилалӣ, ба +0, +6, +12, +16 ва +18 тақсимбандӣ кард ва мухотабони ҳар филме, ки қарор аст, аз шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ ва синамо пахш шавад, бар асоси ин раддабандӣ аст.

Дар замони пахш ё намоиши филм аломатгузории графикии гурӯҳи синнӣ дар канори сафҳа намоиш дода мешавад.