Таъйиди вуҷуди корона дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53214-Таъйиди_вуҷуди_корона_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аввалин мавриди ибтило ба вируси коронаро дар ин кишвар таъйид кард.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 30, 2020 13:31 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди вуҷуди корона дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аввалин мавриди ибтило ба вируси коронаро дар ин кишвар таъйид кард.

Ба гузориши “Спутник”, ҷаласаи изтирории Ситоди пешгирӣ аз густариши корона дар Душанбе таҳти риёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва вуҷуди 15 мавриди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар таъйид шуд.

Дар ин ҷаласа эълом шуд, 10 мавриди гирифторӣ ба корона дар Хуҷанд ва 5 маврид низ дар шаҳри Душанбе мушоҳида шудааст.