Таътилии дорухонаҳои шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба далели надоштани дору
Май 01, 2020 17:08 Asia/Dushanbe
Бисёре аз дорухонаҳои шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба иллати надоштани дору таътил аст.
Ба гузориши “Азия плюс”, чаҳор то аз даҳ дорухонаи наздики бемористони марказии шаҳри Бӯстон таътил аст. Яке аз дорусозон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз издиҳоми шаҳрвандон дар дорухонаҳо, барои пешгирӣ аз шуюъи корона, қисмати коркунонро бо беморон бо плостик ҷудо кардем то сокинон битавонанд фосилаи иҷтимоии мавҷуд дар сафро риоят кунанд.
Бештари дорухонаҳо доруҳои таҷвизшуда барои пешгирӣ ва дармони уфунатҳои ҳоди танаффусии вирусӣ (аз ҷумла онфулонзо) - ро надоштанд.
Илова бар москҳои муҳофиз, фурӯшандагони маводи ғизоӣ аз дасткаш ва айнак истифода мекунанд.