Май 01, 2020 17:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди гӯшти мурғ дар Тоҷикистон

Аз оғози имсол то кунун тавлиди гӯшти мурғ дар Тоҷикистон нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл афзоиш доштааст.

Ба гузориши “Спутник” ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тавлиди гӯшти мурғ дар Тоҷикистон ҳудуди 3 баробар афзоиш ёфта ва дар се моҳи аввали имсол аз 6 ҳазор тон бештар шудааст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кард,тавлиди гӯшти гов дар се моҳи аввали соли 2020 бо 2.5 дарсад коҳиши тавлид ба ҳудуди 34 ҳазор тон расид.

Аммо коршиносони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд, тавлиди гӯшти гов дар кишвар то поёни сол ба 245 ҳазор тон афзоиш хоҳад ёфт.

Қимати як килограмм гӯшти гов дар Тоҷикистон 53 сомонӣ аст.