Май 01, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  •  Интиқоли таҷҳизоти пизишкӣ ба воҳидҳои низомии Тоҷикистон

Таҷҳизоти пизишкӣ ба воҳидҳои низомии Тоҷикистон мунтақил шуд.

Ба гузориши “Авесто”, Ширин Исматуллоҳзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз воҳидҳои низомӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаи Турсунзода боздид карданд.

Инҳо дар ин боздид аз мизони омодагии нерӯҳои низомии Тоҷикистон барои муқобила бо шуюъи корона дар кишвар огоҳ шуданд. Ширин Исматуллоҳзода низ замони баррасии вазъияти таҷҳизоти мустақар дар подгонҳо, бо амалкарди нерӯҳои низомӣ ошно шуд.

Дар поёни ин боздид, вай ба фармондеҳони воҳидҳои низомӣ дастур дод то барои истифодаи муносиб аз имконот дар шароити изтирорӣ омодагӣ дошта бошанд.