Май 01, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 70 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ 70 миллион доллар кумак барои беҳбуди шароити тағзия ва таҳсили кӯдакон дар Тоҷикистон, ба ин кишвар пардохт мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, ин кумакҳазина бо ҳадафи беҳбуди тағзия, беҳдошт ва омӯзиши кӯдакони зери 6 сол пардохт хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ян Питер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳеҷ сармоягузорӣ барои тавсеаи нерӯи кор ва баҳраварии ояндаи кишвар, беҳтар аз сармоягузорӣ дар солҳои аввали зиндагии кӯдак муассир нест.

Ӯ афзуд, дар ин тарҳ манотиқи авлавиятдор бо камтарин сабтиноми кӯдакон дар омӯзиши пешдабистонӣ ва мизони болои таваллуд шиносоӣ мешавад. Ҳамчунин дар ин тарҳ омӯзиши волидайн, сарпарастон, муаллимон ва кормандони беҳдошт дар авлавият аст.

Тоҷикистон сареътарин рушди ҷамъиятиро дар Осиёи Марказӣ дорад.

 Фақат 12 дарсади кӯдакони 3 то 6 сола дар Тоҷикистон омӯзишҳои пешдабистониро фаро мегиранд.

 

 

Барчасп