Май 04, 2020 12:19 Asia/Dushanbe
  • Паёмаке, ки мардуми Тоҷикистонро тарсонд, воқеӣ ё қалбакӣ?

Ирсоли паёмак аз номи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба телефонҳои ҳамроҳи муштариён дар ин кишвар муҷиби эҷоди фазои тарс ва ваҳшат миёни мардум шудааст, аммо мақомот ҳануз ба он вокуниш нишон надодаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, дар ин паёмак таҳдид шудааст, ки мақомот тамомии муколимот ва паёмҳои муштариёни телефони ҳамроҳ ва навиштаҳои онон дар фазои маҷозиро забт ва контрол мекунанд ва афроде, ки дар бораи коронавирус хабар медиҳанд шиносоӣ ва муҷозот хоҳанд шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси қавонини Тоҷикистон танҳо бо дастури қазоӣ ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ аз ҳаққи шунуди муколимоти телефонии афрод бархурдор мебошанд.

Дар ин паёмак таъкид шудааст, ки ҳатто аз мубодилаи иттилоот дар бораи коронавирус  бо наздикон ва дӯстон низ бояд худдорӣ шавад ва дар акси ҳол муҷозоти сангине дар интизори хилофкорон хоҳад буд.

Аммо мақомоти расмӣ аз ҷумла масъулони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо вуҷуди интиқоди корбарони фазои маҷозӣ аз ирсоли ин паёмаки таҳдидомез, ба он вокунише нишон надодаанд.

Теъдоде аз коршиносон муътақиданд, ки ин паёмак қалбакӣ мебошад.

Рустам Гулов- коршиноси технологиҳои иртиботӣ мегӯяд, ки замони ирсоли ин паёмак бо эътирофи ҳукумати Тоҷикистон ба вуҷуди коронавирус  дар ин кишвар ҳамроҳ буд, ки нишон медиҳад қалбакӣ аст, зеро дар Русия низ дар соли 2017 ҳангоми тадвини теъдоде аз қавонини баҳсбарангез паёмаке таҳдидомез ирсол шуда буд ва ба назар мерасад гурӯҳе ин паёмро ба коронавирус  иртибот дода ва ба мардуми Тоҷикистон фиристодааст.

Бо ин ҳол Шокирҷон Ҳакимов- коршиноси масоили ҳуқуқӣ муътақид аст, ки дар Тоҷикистон эҳтимоли шунуди ғайриқонунии муколимоти ашхос вуҷуд дорад.

Вай муътақид аст ин навъ иқдомот поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон аст ва ба ҷойгоҳи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ латма ва зарба хоҳад зад.