Муоинаи ройгони маҷрӯҳони солманди собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53332-Муоинаи_ройгони_маҷрӯҳони_солманди_собиқадори_Ҷанги_Дуюми_Ҷаҳонӣ_дар_Тоҷикистон
Табибони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро ройгон муоина мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 04, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Муоинаи ройгони маҷрӯҳони солманди  собиқадори  Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Табибони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро ройгон муоина мекунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сервиси матбуоти минтақаи низомии  210 Русия,ин иқдом ба муносибати фаро расидани ҳафтоду панҷумин солгарди пирӯзи дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳони иҷро мешавад. 
 
Гурӯҳи тиббии пойгоҳи ҳарбӣ аз психиатр, ҷарроҳ, отоларинголог, офтальмолог, эндокринолог ва невролог иборат аст.

Гурӯҳи тиббӣ ба хонаи сарбозони маҷрӯҳ ташриф оварда, онҳоро муоина мекунад ва дар ҳолати зарурӣ барои онҳо дору таъин мекунад. 
 
Ҳамчунин солмандоне, ки ниёз ба дармони бештаре доранд дар бемористони пойгоҳи низомии 201Русия бистари мешаванд.