Шиносоии 102 бемори мубтало ба корона дар Тоҷикистон
Май 04, 2020 15:29 Asia/Dushanbe
102 бемори мубтало ба коронавирус дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, акнун, ҳудуди 2800 бемори машкук ба ибтилои коронавирус зери назари табибон дар бемористонҳои Тоҷикистон бистарӣ ҳастанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба шуюи коронавирус дар кишвар Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дастур дод бемористонҳои муваққатро бо зарфияти 3 ҳазор тахт омода кунанд.
Бо ҳисоби 128 мубталои қаблӣ ба коронавирус то кунун теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 230 нафар расид.