Бистарӣ шудани раиси Идораи тандурустии Хатлон дар бемористон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53342-Бистарӣ_шудани_раиси_Идораи_тандурустии_Хатлон_дар_бемористон
Раиси Идораи тандурустии Хатлон дар бемористон бистарӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 05, 2020 08:52 Asia/Dushanbe
  • Бистарӣ шудани раиси Идораи тандурустии Хатлон дар бемористон

Раиси Идораи тандурустии Хатлон дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, Мирзоалӣ Раҷабзода- раиси Идораи тандурустии Хатлон  ба иллати таб дар бемористони Бохтар бистарӣ шуд.

Тибқи назари пизишкон саломати умумии Раҷабзода пойдор аст вале ҳануз бемории ӯ  маълум нест.

Як манбаи хабарӣ дар маркази Хадамоти тандурустии Хатлон гуфт: Аз 4 май, 419 мубтало ба бемории роҳҳои нафас ва 19 фавтӣ дар минтақа сабт шудааст.

Ҳамчунин теъдоди мубталоён ба илтиҳоби шуш аз аввали моҳи май афзоиш доштааст ва ​​рӯзона 60 то 70 бемор дар бемористон бистарӣ мешаванд.