Май 05, 2020 09:09 Asia/Dushanbe
  • Бистарии раиси собиқи Шурои олии Тоҷикистон дар бемористони шаҳри Душанбе

Раиси собиқи Шурои олии Тоҷикистон дар бемористони шаҳри Душанбе бистарӣ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, Аъзамшоҳ писари Акбаршоҳ Искандаров гуфт: Падараш ҳашт моҳ пеш ба бемории илтиҳоби шуш мубтало шуд ва тамоми ин муддат дар хона дармон мешуд.

Акбаршоҳ Искандаров 69 сола аст, ӯ дар августи 1992 ба унвони раиси Шурои олии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар ҳамон замон раиси ҷумҳури муваққати кишвар буд чаҳор моҳ баъд  Эмомалӣ Раҳмон ҷонишини ӯ шуд.

Дар солҳои баъд Акбаршоҳ Искандаров сафири Тоҷикистон дар кишварҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Муғулистон буд ва ҳам акнун дар Академияи илми Тоҷикистон фаолият мекунад.