Май 05, 2020 09:50 Asia/Dushanbe
  • Гарон шудани нархи дору дар Тоҷикистон

Нархи дору дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, пас аз эъломи расмии хуруҷи корона дар Тоҷикистон нархи доруҳо дар ин кишвар ба мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфт.

Бисёре аз доруҳое, ки пеш аз ин барои дармони бемориҳои роҳҳои нафас монанди зуком ва ё сармохӯрдагӣ масраф мешуд дар дорухонаҳои кишвар ноёб шудааст.

Дар бархе аз шаҳрҳо нархи дору чаҳор баробар афзоиш ёфтааст.

Вазорати  тандурустии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар итминон дод ба зудӣ мушкили камбуди дору рафъ мешавад.

Мунира Каримова, сарпарасти бемористони уфунии кӯдакони шаҳри Душанбе гуфт: Шаҳрвандони тоҷик набояд ба хотири тарс аз камбуди дору, доруҳое, ки ниёз надорандро харидорӣ ва дар хона нигаҳдорӣ кунанд, зеро ин иқдом боис мешавад  то беморони ниёзманд натавонанд  доруҳои мавриди ниёзи худро таҳия кунанд.

Мунира Каримова- сарпарасти бемористони уфунии кӯдакони шаҳри Душанбе ҳамчунин ба мардуми Тоҷикистон тавсия кард, ки аз масрафи худсаронаи дору парҳез ва эминии худро бо масрафи мева ва сабзавот тақвият кунанд ва рӯзона моеъоти бештаре бинушанд.