Савганди вакилони парлумон ба номи мардум
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5335-Савганди_вакилони_парлумон_ба_номи_мардум
Вакилони Маҷлиси Намояндагон порлумони Тоҷикистон барои аввалин бор ба номи мардум саганд ёд карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 03, 2016 17:49 Asia/Dushanbe
  • Савганди вакилони парлумон ба номи мардум

Вакилони Маҷлиси Намояндагон порлумони Тоҷикистон барои аввалин бор ба номи мардум саганд ёд карданд.

Намояндагони мардумӣ рӯзи 3 октябр дар нахустин ҷаласаи хеш баъд аз таътилоти тобистона яко як  ба минбар баромада, даст болои нусхае аз қонуни асосии Тоҷикистон гузошта,  ба номи мардум савганд хӯрданд,  ки манофеъи миллиро аз шахсӣ боло нахоҳанд гузошт ва дар таҳия ва тасвиби қавонин содиқона амал хоҳанд кард. Нахуст  Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони парлумони Тоҷикистон савганд ёд кард. 

Дар ҳамин ҳол Азизмуҳаммад Холмуҳаммазода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки  барои савгандшикании вакилон кадом муҷозоте дар қавонини ин кишвар пешбинӣ нашудааст,  аммо нафаре ки савганд мешиканад ҳуқуқи маънавии намояндаи мардум буданро надорад.

Гуфтанист муқарароти ёд кардани савганд барои намояндагони парлумон ба номи мардум, баъд аз ислоҳоти қонуни асосии Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ, ҳатмӣ шуд.

Ҳамчунин бар асоси ин тағйирот, аъзои ҳукумати Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳури ин кишвар  савганд ёд хоҳанд кард.

Бояд гуфт барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон савганди намояндагони парлумон ва аъзои ҳукумат ба номи мардум ва раисиҷумҳур  расмӣ мешавад.  Қобили зикр аст, ки дар соли 2006 танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳури ин кишвар қонунӣ шуда буд.