Раҳматуллоҳ Зойиров гирифтори корона шуд
Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аз олуда шуданаш ба вируси корона хабар дод ва аз мардум дархост кард, ки барои шифо ёфтанаш дуо кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳматуллоҳ Зойиров дар сафҳаи фейсбуки худ навиштааст, ки ҳашт рӯз аст ба далели олуда шудан ба вируси корона таҳти дармон аст ва дар қарнтина ба сар мебарад.
Вай рӯзи 27 апрели гузашта, аз ин, ки мақомоти Тоҷикистон вуҷуди вируси корона дар ин кишварро махфӣ мекунанд ба шиддат интиқод карда буд.
Аз дидгоҳи Зойиров Тоҷикистон вориди марҳалаи дувуми густариши вируси корона шудааст аз ин рӯ пинҳонкории мақомоти ҳукуматӣ мӯҷиби печида шудани авзоъ ва беэътибории ниҳодҳои давлатии масули иттилорасонии саҳеҳ дар бораи ин беморӣ мешавад.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бо интиқод аз ин, ки бархе афроди мубтало ба вируси корона аз хориҷ вориди кишвар шуданд, аммо бо пардохти ришва, ошнобозӣ ва роҳҳои дигар қарнтина нашуданд, ин қонун шиканиҳоро як бемори музмин дониста, ки Тоҷикистон акнун товони онро пардохт мекунад.