Барканор шудани Вазири тандурустии Тоҷикистон
Май 05, 2020 21:36 Asia/Dushanbe
Вазири тандурустии Тоҷикистон аз кор барканор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо фармоне Насим Олимзодаро аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон барканор кард.
Тибқи ин фармон, Олимзода ба вазифаи дигаре мансуб шуда аммо симмати ҷадиди ӯ зикр нашудааст.
Профессор Ҷамолиддин Абдуллоҳзода сарпизишки бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе ҷонишини Олимзода шудааст.