Май 06, 2020 11:35 Asia/Dushanbe
  • Боздошти доруфурушони беинсоф дар Душанбе

Дар паи шикоятҳои шаҳрвандони Душанбе аз гарон фурушии доруҳо ва лавозими пешгири аз Корона, кормандони идораи пулиси ин шаҳр чанд фурушандаи судҷуро шиносоӣ ва боздошт карданд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон таймз , дар яке аз ин маворид фарде ба номи Ҳоҷи Ёдгор боздошт шуда ,ки мутаҳам аст доруҳо ва лавозими пешгири аз вируси Корона аз ҷумла ниқоб ва дасткашро ба 10 баробар қимат фурухтааст.

Ҳангоми баррасӣ аз дохили худрави ва манзили маскунии ин фард наздик ба 100 ҳазор дасткаш мусодира шудааст.

Қимати як бастаи ин дасткашҳо 45 сомонӣ аст аммо Ҳоҷи Ёдгор ин бастаҳоро ба қимати 180 сомонӣ ба мардум фурухтааст .

Вай ҳамчунин 290 адад ниқобро ,ки қимати воқеии ҳар як аз онҳо ду сомонӣ аст ба муштариён 10 сомонӣ арза кардааст.

Мақомоти пулиси Душанбе гуфтаанд ,ки ин фард аз ҳисоби гаронфурушии доруҳо дар шароити густариши вируси Корона ду дастгоҳи худрави хориҷӣ харидааст ,ки  ин худравҳо низ мусодира гардид.