Май 06, 2020 16:54 Asia/Dushanbe
  • Дархости вазири саноати Тоҷикистон аз санотгарон барои кумак ба ниҳодҳои пизишкии кишвар

Вазири саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон аз саноатгарон хост барои пешгирӣ аз шуйюи корона ба ниҳодҳои пизишкӣ кумак кунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, вазири саноати Тоҷикистон гуфт: Давлат бо дар назар гирифтан ва истифода аз андози пардохтии саноатгарон метавонад машоғил ва зерсохтҳои иҷтимоӣ ва саноатии навро эҷод во амнияти бозори дохилиро тазмин кунад.

Ӯ афзуд: Бо дар назар гирифтани андоз зарфиятҳои содиротӣ ва саноатии кишвар низ афзоиш пайдо хоҳад кард.

Заробиддин Файзуллозода гуфт: Давлат имтиёзоти вижаеро барои саноатгарон дар назар гирифтааст.

Вазири саноат аз саноатгарон хост, дар шароити изтирории шуйюи корона дар кишвар ба бахшҳои беҳдоштӣ ва пизишкии кишвар кумаки молӣ кунанд.