Боздиди ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз безараргардонии минтақаи Шоҳмансури Душанбе
Ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили робита бо ҷомеа аз иқдомоти беҳдоштӣ ва безараргардонии минтақаи Шоҳмансури Душанбе боздид кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифои маданӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин боздид бо чигунагии корҳои безараргардонии маҳаллаҳо, хиёбонҳо ва майдонҳои шаҳри Душанбе бо маҳлулҳои химиёӣ ошно шуд. 35 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва чаҳор дастгоҳ худрави вижаи безараргардонӣ минтақаи Шоҳмансури шаҳри Душанберо дезинфексия карданд.
Дар ин иқдом ба 693 ойилаи минтақаи Шоҳмансур маҳлулҳои зиддиуфунӣ (хлор) дода ва 70 дарсади хиёбонҳо низ бо хлор шустушӯй карда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳамчунин барномарезӣ кард, ки ба 203 ойилаи маҳаллаи Ховарон маҳлулҳои хлор тавзеъ ва матнҳои чоппӣ барои омӯзши махсуси коронаро дар минтақаҳои мухталиф насб кунанд.