Май 06, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Дархости писари Зайд Саидов аз мақомоти Тоҷикистон барои озодии падараш аз зиндон

Фарзанди Зайд Саидов аз мақомоти Тоҷикистон хост падаршро ба далели беморӣ озод кунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Хайрулло Саидов фарзанди Зайд Саидов дар саҳифаи Фейсбук аз мақомот хост ба далели ибтилои падараш ба нишонаҳое монанд ба бемории корона ӯро озод кунанд. Зайд Саидов дар зиндони ноҳияи Ваҳдат муддати маҳкумияти худро мегузаронад.

Хайрулло Саидов дар саҳифаи Фейсбуки худ аз мақомот дархост кард, тамомии зиндониёни болои 60 солро аз зиндон озод кунанд.

Ҳудуди 20 дарсад аз зиндониёни ноҳияи Ваҳдат таб доранд аммо пизишкон далели табро гулӯдард эълом мекунанд.

Мансурҷон Умаров- раиси бахши иҷроии аҳкоми ҷиноии Вазорати додгустарии Тоҷикистон гуфт: Зиндониён дар моҳи Рамазон рӯза мегиранд ва ҳангоми ифтор  оби сард менӯшанд ва ҳамин боиси ибтило ба гулӯдард мешавад.

Зайд Саидов- вазири саноати пешини Тоҷикистон  19 майи 2013 дар бозгашташ аз Фаронса, дар фурудгоҳи Душанбе, боздошт ва тамомии амволи ӯ мусодира шуд.

Дар поёни декабри ҳамон сол, ӯ ба иттиҳоми қаллобӣ, ришва гирифтан (порахурӣ) ва чанд зан доштан ба 26 сол зиндон маҳкум шуд.

Дар августи соли 2015, Додситонии кулли Тоҷикистон муддати маҳкумияти ӯро ба далели ҷаъли аснод ва мадорик ҳангоми сохти маркази хариди Душанбе ва хусусисозии ғирқонунӣ дар замони вазорат  ба 29 сол афзоиш дод.