Май 07, 2020 09:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯзноманигори тоҷик барандаи ҷоизаи Ҳамоиши аврупоии рӯзноманигорони Тоҷикистон

Далер Шарипов рӯзноманигори тоҷик барандаи ҷоизаи Ҳамоиши аврупоии рӯзноманигорони Тоҷикистон шуд.

Ба нақл аз Медиамаркер. Инфо , Далер Шарипов аз миёни 5 довталаби дарёфти ҷоизаи мавсум ба Наҷобат интихоб шуд.

Маблағи ин ҷоиза 5 ҳазор сомонӣ аст.

Хонаводаи Далер Шарипов дар иртиботи тасвири аз Тоҷикистон аз талоши масулони Ҳамоиш ва дигар Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар барои озодии ин рӯзноманигори тоҷик ташакур карданд.

Дар ин Ҳамоиш ҳамчунин ҷоизаи мавсум ба Ҷасорат ба хонуми Валентина Чупик мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия эъто шуд.

Вай гуфт ; маблағи ин ҷоизаро барои таҳияи ғизои мавриди ниёзи хонаводаҳои коргарони муҳоҷири тоҷик ҳазина хоҳад кард.

Доварони ин ҷоиза садоқатро ба Шаҳло Гулхоҷа рӯзноманигор эъто кард.

Абдулмалик Қодиров мудири Созмони Интер нюз низ барои дифоъ аз расонаҳои хабарии мустақил дар Тоҷикистон барандаи ҷоизаи бунёнгузор шуд.

Ин ҷоизаҳо аз суи Ҳамоиши аврупоии рӯзноманигорони тоҷик ҳар сол ба беҳтарин фаолони расона ва матбуот дар Тоҷикистон эҳдо мешавад.