Май 07, 2020 09:29 Asia/Dushanbe
  • Бемории Корона , мавзуи аслии гуфтугуи телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон

Раисони ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон бо якдигар телефони суҳбат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гуфтугу бар аҳамияти ҳамоҳангии талошҳои байналмилаллӣ барои пешгири аз бемории Корона таъкид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ва сервиси матбуотии дафтари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин гуфтугу тарафайн дар мавриди густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба гуфтугу карданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ибрози умедвори кард ҷаласаи муштараки мақомоти ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ,тиҷорӣ, фанӣ ва фарҳангӣ базуди баргузор шавад. Таъсири шуюи  Корона дар иқтисоди кишварҳо аз дигар мавзуоти гуфтугуи Раҳмон ва Рӯҳонӣ буд. Ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин гуфтугу зимни ибрози ҳамдардӣ бо мардуми Эрон, орзуи беҳбуди комили ҳамаи беморонро аз Худованд хостор шуд.

Раҳмон аз талошҳои Эрон барои муқобила бо Корона низ қадрдонӣ кард.