Май 07, 2020 12:12 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти гаронфурушони дору ва ноширони ахбори дуруғи марбут ба Корона дар Тоҷикистон

Додситони кули Тоҷикистон эълон кард , гаронфурушони дору ва афроде,ки ахбори дуруғи марбут ба Коронаро дар кишвар мунташир мекунанд муҷозот хоҳанд шуд.

Ба нақл аз Спутник,  маркази матбуотии Додситони кули Тоҷикистон эълон кард ; Додситони кули Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, касоне,ки дар кишвар бо интишори ахбори дуруғ тарсу дилҳура дар кишвар эҷод кунанд муҷозот хоҳанд шуд.

Дар ин гузориш ишора шудааст,ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ин афродро ба Додситонӣ муарифӣ кунанд.

Додситонӣ ҳамчунин ба шаҳрвандон эълон кард , мушкилоти марбут ба содир нашудани муҷавизи тавлиди дору аз муасисоти пизишкии кишвар , гаронфурушӣ ва ҳамчунин имтиноъи пизишкон аз муоина ва дармонро ба Додситонӣ иттилоъ диҳанд.

Юсуф Раҳмон таъкид мекунад ,ки шаҳрвандон метавонанд шикоятҳои худро бо телефони 11-11- 235 гузориш диҳанд.