Роҳандозии маркази иттилоърасонии шубонарӯзии бемории корона дар Тоҷикистон
(last modified 2020-05-07T12:40:03+00:00 )
Май 07, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии маркази иттилоърасонии шубонарӯзии бемории корона дар Тоҷикистон

Маркази иттилоърасонии шабонарӯзии бемории корона дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, сокинони Тоҷикистон бо тамоси телефонӣ бо шумораи 311 метавонанд аз мушовираи пизишкони мутахассис истифода кунанд.

Бонки тиҷорати Тоҷикистон аввалин ниҳоди пулие буд, ки хатти телефони мустақимро дар Тоҷикистон барои ҷавобдиҳӣ ба суолоти сокинони кишвар дар бораи бемории коронаро роҳандозӣ кард.

Ин маркази иттилоърасонӣ бо кумаки Муассисаи омӯзишии давлатии таҳсилоти такмилӣ дар беҳдошт ва дармон ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин марказ шабонарӯзӣ дар айёми ҳафта посухгӯи суолоти сокинон дар бораи бемории корона аст. Тамос бо ин марказ ройгон аст ва афрод метавонанд аз роҳнамоиҳои равоншинохтӣ ё иттилооти мутахассисон дар мавриди корона истифода кунанд.

Муҳиддин Нуруддин, раиси Муассисаи омӯзиши коршиносии аршади беҳдошт ва дармони Тоҷикистон ​​гуфт, дар ин марказ аз мутахассисони ҷавон истифода шуда, ки сабур бошанд ва бо ҳавсала ба саволоти мардум ҷавоб диҳанд. Ин маркази иттилоърасонӣ дар сохтмони марказии Бонки тиҷорати Тоҷикистон эҷод шуда ва 30 пизишки мутахассис бо ҳуқуқ ва дастмузди боло дар он кор мекунанд.