Интиқоли маҳмулаи таҷҳизоти пизишкии харидоришуда аз Ҳиндустон ба шаҳри Душанбе
Май 07, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
Маҳмулаи таҷҳизоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ аз Деҳлии Нав ба Тоҷикистон мунтақил шуд.
Ба гузориши “Азия плюс”, ин маҳмула, ки бо парвози “Сомон эйр” аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон мунтақил шуд, шомили таҷҳизоти пизишкӣ ва маводи зиддиуфунӣ аст.
Ширкати дорусозии тоҷикистонии “Ориёнфарм” ба намояндагӣ аз шаҳрдори Душанбе доруҳои харидоришударо аз ширкати ҳиндӣ таҳвил гирифт. Ин доруҳо барои муқобила бо густариши корона аз Ҳиндустон харидорӣ шудааст.
Илова бар ин таҷҳизоти пизишикие, ки давлати Ҳинд ба унвони кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ихтисос дод, ҳам ба Душанбе мунтақил шуд.