Эътирозҳо ба тахриби бахше аз хонамузеи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе
Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба тахриби хонамузеи Садриддин Айнӣ эътироз карданд.
Устод Садриддин Айнӣ – бунёнгузори адабиёти ҷадид, қаҳрамони миллӣ ва нахустин раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон будааст.
Ба гузориши сомонаи “Пресса Тҷ”, шаҳрдори Душанбе ба манзури бозсозии роҳу сохти меҳмонхона ва манозили маскунӣ, тасмим ба тахриби бахше аз ин хонамузей гирифт, ки ин иқдом бо эътирозт бархе корбарон рӯ ба рӯ шуд.
Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, дар шароити ҳамагирии корона, ки таваҷҷуҳи афкори умумии ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст, тасмими шаҳрдории Душанбе ғайримантиқӣ ва нодуруст аст.
Ӯ афзуд, зеро дар ин миён фақат мавзӯи тахриби хонамузей нест, балки тахриби осори фарҳангӣ ва таърихии адибону фарҳехтагони кишвар аст.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе эълом карданд, бори дигар ин мавзӯро баррасӣ мекунанд.