522 нафар теъдоди мубталоёни ҷадиди корона дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53445-522_нафар_теъдоди_мубталоёни_ҷадиди_корона_дар_Тоҷикистон
Теъдоди мубталоёни корона дар Тоҷикистон ба 522 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 08, 2020 16:41 Asia/Dushanbe
  • 522 нафар теъдоди мубталоёни ҷадиди корона дар Тоҷикистон

Теъдоди мубталоёни корона дар Тоҷикистон ба 522 нафар расид.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, бо шиносоии 61 мавриди ҷадиди афроди мубтало ба корона дар ин кишвар, теъдоди мубталоён ба ин беморӣ ба 522 тан расидааст.

Гуфта мешавад, ки аз ин теъдод 223 нафар дар шаҳри Душанбе, 139 нафар дар вилояти Суғд, 83 маврид дар навоҳии марказӣ, 59 тан дар вилояти Хатлон ва 18 нафар дар вилояти Бадахшон таҳти дармон ҳастанд.

Бар асоси омори расмии ин вазоратхона то шомгоҳи 8 май теъдоди фавтиҳо ҳам 14 нафар эълом шуд.

Ҳамчунин то 8 май 4 ҳазору 286 нафар зери назари пизишкон дар марокизи дармонӣ бистарӣ шуданд в тайи як шабонарӯзи охир теъдоди 420 нафар пас аз гузаронидани даврони қарантина ва ташхиси беҳбудии комил аз бемористонҳои кишвар мураххас шуданд.