Роҳандозии бемористони муваққати вижаи мубталоён ба коронавирус дар Душанбе
(last modified 2020-05-09T09:33:04+00:00 )
Май 09, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии бемористони муваққати вижаи мубталоён ба коронавирус дар Душанбе

Бемористони муваққати 500- тахтихобӣ дар шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик роҳандозӣ мешавад.

Ба нақл аз Ховар, ин бемористон, ки вижаи дармони беморони мубтало ба коронавирус аст, бар асоси дастурамалҳои пизишкӣ роҳандозӣ хоҳад шуд ва 150 пизишк ҳам дар ин бемористон машғул ба кор мешаванд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, дастёри раисҷумҳури Тоҷикистон дар заминаи тавсиаи иҷтимоӣ ва равобити умумӣ ва Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ҳам дар боздид аз ин маркази беҳдоштӣ, бо раванди таҷҳиз ва такмили бемористон ошно шуданд.