Истифода аз таҷрибаҳои кишварҳои мухталиф барои муқобила бо шуйюи корона дар Тоҷикистон
Вазири нави тандурустии Тоҷикистон гуфт : Барои иҷрои барномаҳои пешгиронаи худ дар муқобила бо корона ниёз ба замон дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Ҷамолиддин Абдуллозода, ки чанд рӯз қабл дар пайи барканории Насим Олимзода- вазири тандурустии Тоҷикистон ба ин симат мансуб шуд гуфт: Ба замони бештаре ниёз дорад то барномаҳои худро иҷроӣ кунад.
Вай таъкид кард: Барои муаррифии барномаи роҳбурдии Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои муқобила бо корона, ташхиси теъдоди дақиқи мубталоён ва ислоҳи шароити феълӣ ва истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳо дар заминаи коҳиши беморон бояд иллати густариши корона дар Тоҷикистон решаёбӣ шавад.
Аз дидгоҳи вай интиқод дар ҷомеаи Тоҷикистон аз амалкарди ҳукумат ва ба вижа вазорати тандурустии ин кишвар дар муқобила бо корона зиёд аст, ки бояд талош кард эътимоди мардум ба ҷомеаи пизишкӣ афзоиш ёбад.
Бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон то шомгоҳи 8 май бо шиносоии 61 бемор дар кишвар теъдоди мубталоён ба ин беморӣ ба 522 тан ва фавтидаҳо ҳам ба 14 нафар расид.