Май 09, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Дархости муовини нахуствазири Тоҷикистон аз хатлониҳо

Муовини нахуствазири Тоҷикистон аз сокинони вилояти Хатлон хост бо карантин кардани худ ва хонаводаҳояшон аз густариши коронавирус ҷилавгирӣ кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Азим Иброҳим, ки рӯзҳои дуввум то ҳаштуми май дар вилояти Хатлон омодагии муқобила бо коронавирус  дар 25 шаҳру ноҳияи ин минтақаро мавриди баррасӣ қарор дод, хостори карантини довталабонаи хонаводаҳо шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки дар ҳар хонавода бояд як нафар масъули анҷоми хариди маводди ғизоӣ, дору ва васоили безарагардонӣ (хлор ва .....) шавад ва бақия то ҳадди имкон аз хонаҳо берун нараванд.

Муовини нахуствазир Тоҷикистон бо фаолияти марокизи тавлиди ниқоби тиббӣ ва дасткаши тиббӣ низ ошно шуда ба мақомоти вилояти Хатлон дастур додааст, ки бо контроли бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ аз афзоиши нархи маводди ғизоӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Бар асоси омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди афроди мубтало ба коронавирус дар ин кишвар то шомгоҳи рӯзи ҷумъа ҳаштуми май ба 522 тан расидааст, ки 59 нафар аз онон сокинони вилояти Хатлон мебошанд.

 

Барчасп