Май 12, 2020 09:23 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти раиси собиқи Амонатбонки Тоҷикистон

Раиси собиқи Амонатбонки Тоҷикистон даргузашт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Руҳулло Ҳакимзода чанд соат пас аз даргузашти писараш фавт кард.

Эҳтимол дорад, ки иллати фавти Ҳакимзода ва писараш бемории коронавирус бошад.

Руҳулло Ҳакимзода  яке аз афроди муҳим  дар бахши молии Тоҷикистон буд, ки солҳо  дар Вазорати дороии Тоҷикистон кор кард.

Ӯ аз соли 2015 то  январи  2019,  ки бо тасмими раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз симаташ барканор шуд, раиси Амонатбонк- бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон буд.