Масдуд шудани сомонаи омори фавтидагони бемории коронавирус дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53567
Дастрасӣ ба сомонаи теъдоди фавтидагони бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон қатъ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 12, 2020 09:51 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани сомонаи омори фавтидагони бемории коронавирус дар Тоҷикистон

Дастрасӣ ба сомонаи теъдоди фавтидагони бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон қатъ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи mediamarker.info, ин сомона (https://kvtj.info/) ба тозагӣ роҳандозӣ шуда буд ва бо истинод ба иттилооти наздикони афроди фавтида бар асари коронавирус ва илтиҳоби шуш, ному мушаххасоти ононро мунташир мекард.

Гулнора Амиршоева- рӯзноманигори тоҷик таъид кард, ки дастрасӣ ба ин сомона дар дохили Тоҷикистон ғайримумкин шудааст.

Бар асоси омори мунташиршуда дар ин сомона то соати 16 ёздаҳуми май теъдоди фавтидагон ба иллати бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон 140 нафар буд, ки ному мушаххасоти онон ҳам мунташир шудааст.

Аз ин теъдод 60 нафар сокини Душанбе, 50 нафар сокини вилояти Суғд, 8 нафар сокини вилояти Хатлон, 5 нафар сокини навоҳии тобеи маркази Тоҷикистон ва 3 нафар низ сокини вилояти Бадахшон буд.

Як гурӯҳ аз фаолони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадаф аз ин иқдомро шаффофсозӣ ва интишори омори воқеии қурбониёни бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон эълом карданд ва иддао карданд, ки мақомоти кишвар омори воқеии беморон ва фавтидагонро эълом намекунанд.