Май 12, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Ғофилгирии мақомоти Тоҷикистон аз густариши коронавирус дар кишвар

Нависанда ва фаоли расонаии Тоҷикистон гуфт: Мақомоти Тоҷикистон аз густариши коронавирус дар кишвар ғофилгир шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз саҳифаи Азиз Нақибзод дар Фейсбук, ин фаоли расонаӣ гуфт: Мутаассифона шуйюи коронавирус бархе масъулонро ғофилгир кард ва кишвар дар шароити феълӣ бо буҳрон мувоҷеҳ шудааст.

Ӯ гуфт: Мақомоти Тоҷикистон бояд таҷрибаҳои зиёдеро аз шуйюи коронавирус ва эҷоди буҳрон дар кишвар касб кунанд.

Азиз Нақибзод афзуд: Мақомот дар си соли ахир ба ҷойи эҷоди иштиғол дар дохили кишвар ба кор ва даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ такия карданд, ки буҳрони коронавирус теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷикро дар Русия бекор кард ва дар дохили Тоҷикистон ҳам онҳо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд ва ҳамин амр муҷиби рукуд тиҷорат ва касри будҷети давлат шудааст.

Ӯ афзуд: Далели дигари эҷоди буҳрон дар кишвар тафовут дар иҷрои мусавваботи Ситоди муқобила бо коронавирус барои бастагони мақомоти давлатӣ ва беморони оддӣ аст, мақомот ҳатто дар шароити карантин талош карданд, ки бастагон ва дӯстони худро аз ин маҳдудият хориҷ кунанд, ки ҳамин иқдом муҷиби густариши бештари ин беморӣ дар кишвар шуд.

Азиз Нақибзод таваҷҷуҳ накардани мақомоти Тоҷикистон ба илм ва дониши афродро аз дигар далелҳои шуруи буҳрон дар кишвар донист ва афзуд : Масъулон ашхосеро мансуб мекунанд, ки савод ва таҷрибаи кофӣ надоранд ба ҳамин далел шоҳид ҳастем дар вазъияти изтирорӣ монанди шуйюи коронавирус ҳама ғофилгир ҳастанд ва тасмими дурусте гирифта намешавад.

Нависанда ва фаоли расонаии Тоҷикистон вазъи ногувори пизишкӣ ва беҳдоштӣ ва поин будани маоши кадри дармониро аз дигар мушкилоти кишвар эълом кард ва гуфт : Бо ин шароит чигуна метавон ба беҳбуди вазъият умедвор буд.

Ӯ гуфт: Дар шароити феълии шуйюи бемории коронавирус яке дигар аз мушкилоти муҳимми кишвар камбуди пизишк аст, ки муттаассифона поин будани маош ва даромади кадри дармонӣ боис шуд, ки фақат аз вилояти Суғд 10 ҳазор пизишк ба Русия муҳоҷират кунанд.