Тамдиди муддати иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон то аввали июл
Май 12, 2020 10:57 Asia/Dushanbe
Муддати иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон то аввали июл тамдид шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард: Муддати иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони ғайритоҷик то аввали июл тамдид мешавад.
Ин тасмим ба унвони бахше аз иқдомоти мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз шуйюи коронавирус гирифта шудааст.
Ба далели шуйюи коронавирус аз 20 март Тоҷикистон тамоми парвозҳои ҳавоӣ бо кишварҳои хориҷиро низ қатъ кард.
То кунун дар Тоҷикистон 661 бемори мубтало ба коронавирус шиносоӣ шуданд ва 21 нафар низ бар асари ин беморӣ фавт карданд.