Боздошти теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик дар Лаҳистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53576-Боздошти_теъдоде_аз_шаҳрвандони_тоҷик_дар_Лаҳистон_ба_иттиҳоми_ҳамкорӣ_бо_ДОИШ
Теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик дар Лаҳистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ боздошт шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 12, 2020 11:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик дар Лаҳистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ

Теъдоде аз шаҳрвандони тоҷик дар Лаҳистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ боздошт шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи gazeta.pl, сервиси марзии Лаҳистон чаҳор шаҳрванди тоҷикро боздошт кардааст, ки ба гуфтаи ожонси амнияти дохилии ин кишвар аз фаолиятҳои ДОИШ ҳимоят кардаанд.

Станислав Жарин, роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа (PR)-и назди вазир-ҳамоҳангсози хадамоти махсуси Лаҳистон гуфт: Ин шаҳрвандон аз фаолиятҳои Созмони террористии ДОИШ пуштибонӣ мекарданд.