Май 12, 2020 12:16 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тарҳи маҳдуд шудани равуои худравҳо дар минтақаи Суғд

Тарҳи маҳдуд шудани равуои худравҳо дар минтақаи Суғд тасвиб шуд.

Раҷаб Аҳмадзода- раиси вилояти Суғд  дар ҷаласаи муқобила бо коронавирус гуфт: Бояд иқдомоти пешгирона дар байни мардуми минтақа бо шиддати бештаре иҷро шавад.

Дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд гуфт: Аз онҷо  ки бисёре аз мардуми минтақа дар хиёбон, мағозаҳо ва бозорҳо аз ниқобҳои тиббӣ истифода намекунанд ва фосилагирии иҷтимоиро ҳам риоят намекунанд бино барин Ситоди муқобила бо коронавирус тасмим гирифт барои пешгирӣ аз беморӣ маҳдудиятҳоеро иҷро кунад.