Хариди дастгоҳи рентген барои беморони минтақаи Бадахшон ба ҳиммати ширкати Помирэнержӣ
(last modified Tue, 12 May 2020 08:32:27 GMT )
Май 12, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • Хариди дастгоҳи рентген барои беморони минтақаи Бадахшон ба ҳиммати ширкати Помирэнержӣ

Ширкати Помирэнержӣ як дастгоҳ рентген барои ташхиси беморони машкук ба ибтило ба коронавирус дар минтақаи Бадахшон харидорӣ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, бо хариди ин дастгоҳ мақомоти тандурустии Бадахшон метавонанд афрод ва хонаводаҳои камбизоати минтақаи Бадахшонро, ки машкук ба ибтило ба коронавирус ҳастанд ва тавони пардохти ҳазинаи аксбардорӣ надоранд шиносоӣ ва ройгон аз онҳо аксбардорӣ кунанд. Ҳамчунин ин ширкат як дастгоҳи нафаси маснуъии муносиб барои бемористон, 30 ҳазор ниқоби тиббӣ, 10 либоси ҳифозатии махсус, 2000  дасткаши пизишкии селофанӣ, 100 летр спирт ва 60 летр хлор ба арзиши 296 ҳазор сомонӣ ба бемористони минтақаи Хоруғ таҳвил дод.

Фарид Музаффаров- раиси идораи тандурустӣ гуфт: Кумакҳои ширкати Помирэнержӣ қобили таваҷҷуҳ ва ба мавқеъ аст.

Вай ба намояндагӣ аз коркунони тандурустӣ ва дармонии минтақа, аз ин ширкат ташаккур ва ибрози итминон кард, ки ин иқдоми Помирэнержӣ барои созмонҳо ва корофаринони дигари минтақа улгу хоҳад шуд.