Эъломи омодагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои эъзоми мутахасис ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 13 May 2020 03:17:05 GMT )
Май 13, 2020 08:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои эъзоми мутахасис ба Тоҷикистон

Мудири дафтари намояндагии Созмони тандурустии ҷаҳонӣ дар Аврупо омодагии ин ниҳод барои эъзоми мутахасисони ташхиси вируси Корона ба Тоҷикистон хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи,  Ҳонс Ҳенри Клуга, ин матлабро дар гуфтугуи телефони бо Ҷамолиддин Абдулозода вазири тандурустии Тоҷикистон иброз кард.

Вай хостори фаол кардани дастгоҳҳои саёри ташхиси вируси Карона дар Тоҷикистон ба манзури ғерболгарии сокинон шудааст то ба ин равиш битавон бо натиҷагирии сариъ, заминаи пешгири аз густариши бештари ин бемориро фароҳам овард.

Вазири тандурустии Тоҷикистон низ гуфтааст,ки кишвараш барои пешгири аз густариши вируси Корона барномаҳои вижаеро тадорук дида ва иҷро хоҳад кард.

Як ҳайат аз Созмони тандурустии ҷаҳонӣ аз охирҳои моҳи апрел дар Тоҷикистон ба манзури баррасии авзои ин кишвар дар паи густариши вируси Корона ҳузур дорад.