Май 13, 2020 13:20 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти забоншиноси машҳури тоҷик ва духтараш бар асари Корона

Устоди забоншиноси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва духтараш бар асари олудашудан ба вируси Корона дар як рӯз ҷони худро аз даст додаанд.

Ба нақл аз сомонаи ҳафтаномаи Тоҷикистон , Баҳруддин Камолуддинов ,ки беш аз 60 сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон риштаи сабки забони форсии тоҷикиро тадрис мекард, дар сини 85 солаги даргузашт.

Гуфта мешавад ,ки марги ин донишманди машҳур ҳамзамон бо марги духтараш будааст ,ки дар яке аз Бонкҳои Тоҷикистон фаолият дошта ва ба эҳтимоли қавӣ ба вируси Корона мубтало шуда ба дигар аъзои хонавода низ ин вирусро мунтақил кардааст.

Камолиддинов беш аз 130 китоб , рисола ва мақолаи илмӣ дар заминаи наҳваи дурусти навиштани вожаҳо ва таркибҳои забони форсии тоҷикӣ мунташир кардааст.

Вай ҳамвора дар бораи забони матбуот, радио ва телевезиони Тоҷикистон ибрози назар мекард ва яке аз устодони варзида дар заминаи тарзи навишти саҳеҳи вожаҳо ва ҷумлаҳои забони тоҷикӣ ба ҳисоб меомад.

Чанд рӯз пеш Саъдии Маҳдӣ масули Донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мубтало шудани шаш нафар аз устодони ин марказ аз ҷумла Баҳриддин Камолиддинов ба бемории Корона ибрози нигаронӣ карда буд.