Май 13, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик аз Корона дар Русия

Мудофеи саршиноси ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия эълон кард аз Корона беҳбуд ёфта ва омода аст кумакрасони ба коргарони муҳоҷири тоҷикро аз сар бигирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз саҳифаи Иззат Амон дар Фейсбук, вай бо пушти сар гузоштани давраи дармони вируси Корона акнун шифо ёфта ва эълон кардааст ,ки фаолияти худро барои кумак ба коргарони муҳоҷир ва хонаводаҳои онон аз сар мегирад.

Пас аз густариши вируси Корона дар Русия ,ки муҷиби таътилии марказҳои тавлидӣ ва тиҷории ин кишвар шуд ва садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикро низ бекор кард , бо талоши Иззат Амон ва Каримҷон Ёров ду мудофеи саршиноси ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик,хайирони тоҷик панҷ маркази хайрияро барои кумак ба ҳамватанони хеш дар панҷ шаҳри Русия ифтитоҳ карданд.

Ин иқдом муҷиб шуд ,ки коргарони муҳоҷири тоҷик ,ки дар шароити эъмоли маҳдудияти шадиди рафтуомад ва карантина ба далели густариши вируси Корона дар Русия ба сар мебаранд, аз ин марказҳо маводи ғизоии ройгон дарёфт кунанд.

Иззат Амон ва Каримҷон Ёров ду мудофеи саршиноси ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба вируси Корона мубтало шудаанд ,ки ахиран беҳбуд ёфта ва аз бемористонҷавоб додашудаанд.