Шиносоии 72 мавриди нави гирифторӣ ба бемории коронавирус дар Тоҷикистон
Май 13, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 72 мавриди нави ибтило ба коронавирус дар Тоҷикистон шиносоӣ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ҳамчунин то 13 май теъдоди мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 801 нафар расид ва то кунун 23 нафар ҳам дар асари гирифторӣ ба ин беморӣ фавтидаанд.
Ҳамчунин то имрӯз 4148 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи охир 547 нафар пас аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.