Май 14, 2020 08:58 Asia/Dushanbe
  • Дархости озодии Бузургмеҳр Ёров аз зиндон дар паи густариши Корона

Як Созмони дидабони ҳуқуқи башари байналмилаллӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кард ба далели шуюи Корона Бузургмеҳр Ёров вакили тоҷикро аз зиндон озод кунад.

Ба нақл аз Сомонаи Тоб Ти Ҷи , Созмони вакилони мудофеъи  (Lawyers for Lawyers) бо интишори баёнияе аз ҳукумати Тоҷикистон хост ,ки бо афзоиши мавориди мубттало шудани зиндониён ба Корона барои озодии фаврии Бузургмеҳр Ёров иқдом кунад.

Бузргмеҳр Ёров моҳи сентиябри соли 2015 пас аз қабули масулияти дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздошт шудаи Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси Кумитаи дифо дар ин замина боздошт шуд ва дар се ҷаласа додгоҳ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Вазорати додгустарии Тоҷикистон мегуянд ,ки бар асоси қонуни авфи умумии зиндониён ,ки соли 2019 дар ин кишвар иҷро шуд 6 сол аз ҳукми маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров кам шудааст.

Пештар низ Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милаллӣ Муттаҳид ва даҳҳо ниҳоди мудофеи ҳуқуқи башари байналмилаллӣ бо ғайримунсифона донистани иттиҳомоти Бузургмеҳр Ёров , аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буданд,ки ин вакилро ҳарчи зудтар озод кунад.