Иҷборӣ шудани сабти иттилооти молии ниҳодҳои мадании Тоҷикистон дар сомонаи марҷаъ
(last modified Sat, 16 May 2020 05:06:01 GMT )
Май 16, 2020 10:06 Asia/Dushanbe
  • Иҷборӣ шудани сабти иттилооти молии ниҳодҳои мадании Тоҷикистон дар сомонаи марҷаъ

Намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон муваззаф ба сабти иттилооти молӣ дар сомонаи марҷаъ ҳастанд.

Ба манзури иҷрои мафоди моддаи 25 Қонуни Тоҷикистон "дар бораи анҷуманҳои умумӣ", коргурӯҳи муташаккил аз мақомоти аршади Вазорати додгустарӣ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ (маркази байналмилалии қонуни ғайриинтифоӣ, маркази таҳқиқиоти фанновариҳои иртиботӣ, дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонуни фурсатҳои баробар) намунаи гузориши молӣ таҳия карданд.

Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон "дар бораи мубориза бо қонунӣ шудани (пулшӯӣ) аз авоиди ҷурм,таъмини молии терроризм ва таъмини молии густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ" ва "дар мавриди анҷуманҳои умумӣ", ин анҷуманҳо муваззафанд солона гузоришҳои худро дақиқ дар сайти худ ё сайти марҷаъ мунташир кунанд.