Иҷборӣ шудани сабти иттилооти молии ниҳодҳои мадании Тоҷикистон дар сомонаи марҷаъ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53676-Иҷборӣ_шудани_сабти_иттилооти_молии_ниҳодҳои_мадании_Тоҷикистон_дар_сомонаи_марҷаъ
Намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон муваззаф ба сабти иттилооти молӣ дар сомонаи марҷаъ ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 16, 2020 10:06 Asia/Dushanbe
  • Иҷборӣ шудани сабти иттилооти молии ниҳодҳои мадании Тоҷикистон дар сомонаи марҷаъ

Намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон муваззаф ба сабти иттилооти молӣ дар сомонаи марҷаъ ҳастанд.

Ба манзури иҷрои мафоди моддаи 25 Қонуни Тоҷикистон "дар бораи анҷуманҳои умумӣ", коргурӯҳи муташаккил аз мақомоти аршади Вазорати додгустарӣ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ (маркази байналмилалии қонуни ғайриинтифоӣ, маркази таҳқиқиоти фанновариҳои иртиботӣ, дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонуни фурсатҳои баробар) намунаи гузориши молӣ таҳия карданд.

Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон "дар бораи мубориза бо қонунӣ шудани (пулшӯӣ) аз авоиди ҷурм,таъмини молии терроризм ва таъмини молии густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ" ва "дар мавриди анҷуманҳои умумӣ", ин анҷуманҳо муваззафанд солона гузоришҳои худро дақиқ дар сайти худ ё сайти марҷаъ мунташир кунанд.