Май 16, 2020 14:19 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай сӯҳбат кард.

Ба нақл аз Азия Плюс, баррасии масоили иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ва таъсири хурӯҷи бемории коронавирус дар иқтисоди кишварҳо, аз мавзӯоти гуфтугӯи ду тараф буд.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз талошҳо ва кӯмакҳои дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай барои таомул ва ҳамкорӣ бо кишварҳои мухталиф , таъсиси шӯрои ҳамоҳангӣ барои муқобилаи муштарак бо таҳдидоти гуногун ва иҷрои барномаи амнияти ғизоӣ ташаккур кард.