Май 16, 2020 14:47 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили ақломи беҳдоштии Туркия ба мақомоти Тоҷикистон

Туркия таҷҳизоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ ба Тоҷикистон ирсол кард.

Ба нақл аз Спутник, Туркия 100 ҳазор ниқоби муҳофиз ва 1000 даст либоси пизишкии махсус ба Тоҷикистон эҳдо кард.

Ин кӯмакҳо бо талоши Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия ва бо дархости мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ин кишвар ирсол шуд.

Қарор аст 20 ҳазор адад аз ин ниқобҳои пизишкӣ, байни коркунони манотиқи марзӣ, гумрук, фурӯдгоҳҳо ва беморони диабетӣ тавзеъ шавад.